Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Котиби иҷроияи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван масъалаи татбиқи Чаҳорчӯбаи ҷаҳонии гуногунии биологӣ ва навсозии стратегияи миллӣ баррасӣ шуд.
ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ереван татбиқи Чаҳорчӯбаи ҷаҳонии гуногунии биологӣ дар доираи Конвенсияи Кунмин-Монреал ва афзалиятҳои Тоҷикистон зимни мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Котиби иҷроияи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ хонум Астрид Шомакер баррасӣ гардид.
Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ доданд, Баҳодур Шерализода ба хонум Шомакер дар бораи навсозии «Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» ва Нақшаи амалӣ он маълумот дод. Таъкид шуд, ки ҳангоми таҳияи ҳадафҳои навшуда ва механизмҳои татбиқ, равишҳо барои тамоми ҷомеа ба инобат гирифта шудаанд.
Ҷонибҳо инчунин имконияти ҷалби захираҳо аз Фонди ҷаҳонии гуногунии биологӣ (GBFF) ва Фонди ҷаҳонии экологӣ (GEF)-ро баррасӣ намуда, ба ҳамгироии стандартҳои байналмилалӣ ба қонунгузории миллӣ ва тақвияти ҳамкорӣ дар оянда омодагӣ изҳор карданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»