Дар ҷамоати шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор қитъаи охирини роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор мумфарш шуд. Лоиҳа бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорон ва сокинон анҷом ёфт.
ҲИСОР, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоати шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор мумфаршкунии охирин қитъаи роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор, ки Ҳисорро бо пойтахт мепайвандад, ба анҷом расид. Дар ин бора мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Роҳи мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватандӯсту аҳолии маҳаллӣ мумфарш карда шуд. Марҳилаи аввали лоиҳа пештар дар масофаи зиёда аз 20 км иҷро шуда буд.
Ин дафъа қисмати охирини роҳ дар масофаи 1 км аз маркази шаҳраки Шарора то шоҳроҳи Чимтеппа-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш гардид. Ба истифода додани ин роҳ рафтуомади сокинону меҳмононро осон намуда, барои ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт, хусусан мошинҳои боркаш ба пойтахт, шароити мусоид фароҳам меорад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»