Иштирок ва суханронӣ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд


Шоми 23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдорон ва меҳмонони шоми идонаи фарҳангиро ба муносибати 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ табрик гуфтанд. Таъкид шуд, ки истиқлолу озодӣ арзишмандтарин неъмат ва бузургтарин дастоварди миллати тоҷик мебошад.
Гуфта шуд, ки дар 35 соли соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла дар вилояти Суғд, корҳои бузурги созандагиву ободкорӣ анҷом ёфтаанд. Танҳо дар панҷ соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 15 400 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёду навсозӣ шуда, ба истифода дода шудааст, ки 3400 иншоот зиёд аз нақшаи тасдиқшуда мебошад.
Сарвари давлат рушди соҳаҳои саноати сабук, маҷмааи сӯзишворию энергетикӣ, истихроҷу коркарди маъдан, металлургия ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонро барои иқтисоди миллӣ муҳим арзёбӣ карданд. Пас аз суханронии Президент барномаи консертии ҳунармандони кишвар ва вилояти Суғд баргузор гардид.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»