Дар Лондон байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва ширкати «Oppenheimer & Co. Inc.» ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо шуд


Дар Лондон вазири молияи Тоҷикистон бо намояндагони «Oppenheimer & Co. Inc.» ва «Citigroup Inc.» мулоқот карда, ёддошти тафоҳум имзо карданд.
Ба иттилои «Ховар», 14 сентябр дар Лондон мулоқоти вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо роҳбари ширкати «Oppenheimer & Co. Inc.» Массимилиано Лами ва муовини раиси бонки сармоягузории ширкати «Citigroup Inc.» Уильям Уивер баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқот Файзиддин Қаҳҳорзода ва Массимилиано Лами ёддошти тафоҳумро оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ имзо карданд. Тибқи ин санад, ҷонибҳо бо мақсади беҳтар кардани рейтингҳои қарзӣ ва содиротии байналмилалии ҷумҳурӣ ва инчунин мусоидат ба ворид шудани Тоҷикистон ба бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»