Маҳфили «Тоҷикшиносӣ» таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ» баргузор шуд


Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Тоҷикшиносӣ» барои таҳияи Консепсияи Конуни тамаддуни ориёӣ баргузор гардид.
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ» маҳфили навбатии «Тоҷикшиносӣ» доир шуд. Ин чорабинӣ барои таҳияи Консепсияи Конуни тамаддуни ориёӣ баргузор гардид.
Иштирокчиён оид ба арзиши омӯзиши таърихи бостонии миллати тоҷик, эҳёи хотираи таърихӣ, ҳифзи мероси фарҳангии ниёгон ва нақши Пешвои миллат дар таҳкими худшиносии миллӣ ва муаррифии мероси тамаддуни тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ибрози назар намуданд. Ба масъалаҳои таърихи тамаддуни ориёӣ, омӯзиши сарчашмаҳои таърихию фарҳангӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва ташаббусҳои Сарвари давлат дар таҳкими худшиносии таърихӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»