Ифтитоҳи гимназияи хусусии Ҳаёт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров


Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар идомаи сафари кории Президенти Тоҷикистон ба вилояти Суғд, гимназияи хусусии Ҳаёт дар деҳаи Ҳайдар Усмонов ба истифода дода шуд.
20 сентябр дар идомаи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, дар деҳаи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гимназияи хусусии Ҳаёт ба истифода дода шуд.
Ин муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Абдухалил Розиқов, Ҷурабой Азимов, Муродҷон Ҷураев ва Нозим Ибрагимов дар муҳлати кӯтоҳ ва бо сифати баланд бунёд шудааст. Бинои нав 4 ошёна дошта, 45 синфхона ва 41 ҳуҷраи ёрирасонро дар бар мегирад. Гимназия барои таҳсили 1200 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.
Дар муассиса кабинетҳои мусиқӣ, ҳунаромӯзӣ, физика, химия, биология ва технологияҳои иттилоотӣ ташкил шудаанд. Ҳамчунин маҷлисгоҳ бо 500 курсӣ, ошхона бо 200 ҷойи нишаст ва китобхонаи муосир сохта шуда, бо оғози фаъолият 70 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»