Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориро дар соҳаи роҳи оҳан густариш медиҳанд


Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва вазири замин, инфрасохтор ва нақлиёти Кореяи Ҷанубӣ дар Сеул масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши нақлиёт ва инфрасохторро баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои сатҳи баланд дар Ҷумҳурии Корея, 15 September 2026 мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Вазири замин, инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Корея Ким Юн Доқ баргузор шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариш ва таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи нақлиёт, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, омӯзиш ва баланд бардоштани ихтисоси кадрҳо, инчунин татбиқи ташаббусҳои муштаракро баррасӣ карданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»