Лоиҳаҳои нав дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон барои рушд такон гирифтанд


Дар доираи форуми соҳибкорӣ «Тоҷикистон, ба пеш!» ду ёддошти ҳамкорӣ оид ба тақсимоти неруи барқ ва омӯзишу сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ имзо шуд.
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки ин ду ёддошти ҳамкорӣ дар ҳошияи форуми соҳибкорӣ «Тоҷикистон, ба пеш!» ба имзо расидаанд.
Ёддошти аввал миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Лидер-консорсиум — ҶДММ «Avesto Group» барои ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаи тақсимоти неруи барқ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе имзо шуд.
Ёддошти дуюм миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва ширкати чинии «Xinjiang Shouhai Power Development Co., Ltd» ба имзо расид.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»