Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафари корӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба Душанбе баргаштанд


6 октябри 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафари се рӯза ба Фархор, Восеъ ва шаҳри Кӯлоб ба Душанбе баргаштанд.
Ба иттилои АМИТ «Ховар», 6 октябри 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд. Сафари корӣ ба муносибати таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар давоми се рӯз дар ноҳияҳои Фархор, Восеъ ва шаҳри Кӯлоб баргузор шуд. Дар ҷараёни он дар ноҳияи Фархор 21 иншоот, дар ноҳияи Восеъ 30 иншоот ва дар шаҳри Кӯлоб зиёда аз 42 иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Маросими гусел бо иштироки ҳунармандон, фаъолон ва ҷавонони шаҳри Кӯлоб, бо барномаи фарҳангӣ ва суруду таронаҳои ватандӯстона баргузор гардид.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»