Боздид аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноативу кишоварзӣ дар Туркманистон


8 октябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар минтақаи сайёҳии миллии Авазаи Туркманистон бо дигар сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ аз фестивал ва намоиши маҳсулот боздид намуд.
Дар доираи чорабинӣ гӯшаҳои миллии кишварҳо ташкил шуда, онҳо тавассути таомҳои миллӣ, расму оин ва ороиши дастархон анъанаҳои меҳмондории худро муаррифӣ карданд. Гӯшаи Тоҷикистон бо таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, имкониятҳои сайёҳӣ ва маҳсулоти саноативу кишоварзии ватанӣ пешкаши иштирокдорон гардид.
Ҳамчунин дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарони кишварҳо барномаи бошукӯҳи фарҳангии устодони санъати давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор шуд. Ҳунармандони тоҷик бо барномаи махсуси консертӣ, ки намунаҳои беҳтарини мусиқии миллӣ, суруд ва рақси суннатиро дарбар мегирифт, ҳунарнамоӣ карданд.
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»