Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон конференсияи илмӣ-амалӣ дар бораи рушди қонунгузории Тоҷикистон дар ин самт ва кумак ба қурбониён доир гардид.
22 октябр дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон дар мавзуи «Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон: мушкилот ва мулоҳизаҳо» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар конференсия масъалаҳои таҳкими ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қурбониёни ин ҷиноят, татбиқи принсипи ҷазо надодан ба қурбониёни савдои одамон барои кирдорҳое, ки дар натиҷаи истисмор ё маҷбуркунӣ содир шудаанд, инчунин таъсиси Фонди давлатии ҷуброн ба қурбониён баррасӣ шуд. Иштирокчиён ҳамчунин оид ба мушкилоти мавҷуда, такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тақвияти ҳамкории сохторҳои дахлдор мубодилаи афкор намуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»