Аз 21 то 26 октябри 2026 дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак бо номи «Чодари хаёл» баргузор мешавад.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки аз 21 то 26 октябри 2026 дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак бо номи «Чодари хаёл» баргузор мегардад.
Дар фестивал театрҳои лӯхтаки Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Русия, Беларус, Арманистон ва дигар кишварҳо бо намоишномаҳои беҳтарини худ иштирок мекунанд. Ин чорабинӣ дар доираи банди 23-и Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 баргузор мешавад.
Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҳар ду сол як бор доир мегардад ва ҳадафи он таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи театрҳои лӯхтак, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик, инчунин беҳтар кардани тарбияи эстетикии насли наврас мебошад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»