Шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор зиёд шуд


Дар Тоҷикистон дар натиҷаи ислоҳоти сохторӣ ва иқтисодӣ шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда аз 276 ҳазор дар соли 2015 ба 381 ҳазор дар соли 2025 расид.
ДУШАНБЕ, 11.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон дар доираи ислоҳоти сохторӣ ва иқтисодӣ барои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ ва содагардонии хизматрасониҳои давлатӣ тадбирҳои пайваста амалӣ карда мешаванд. Бо роҳи ташаккули бахши хусусӣ, дастгирии фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ, ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва васеъ ба роҳ мондани хизматрасониҳои молиявию бонкӣ ин раванд пеш бурда шудааст.
Дар натиҷаи ислоҳоти амалинамуда шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда аз 276 ҳазор дар соли 2015 ба 381 ҳазор адад дар соли 2025 расонида шуд. Аз ин шумора 345 ҳазорро соҳибкорони инфиродӣ ташкил медиҳанд, ки нисбат ба 10 соли пеш 101 ҳазор зиёд гардидаанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»