Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
16 октябр, соати 17:00, дар кинотеатри «Ватан»-и шаҳри Душанбе нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад.
Ба иттилои АМИТ «Ховар», ин нахустнамоиш дар доираи Синамоҷоизаи сеюми миллии «Тоҷи Сомон» ва ба ифтихори Рӯзи кинои тоҷик доир мегардад.
Филми ҳунарӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон таҳия шудааст. Наворбардории он дар солҳои 2024-2025 анҷом ёфтааст.
Асар саҳифаҳои дурахшони таърихи муштараки мардумони тоҷик ва узбекро инъикос мекунад ва нақши Ҷомӣ ва Навоиро дар рушди адабиёт, фарҳанг ва таҳкими арзишҳои инсондӯстӣ ба тасвир мекашад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»