Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд


Ҳайати «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок карда, бо намояндаи Huawei оид ба технологияҳо масъалаҳои рақамикунонӣ ва ҳамкории минбаъдаро баррасӣ намуд.
Душанбе, 2026-09-26 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд.
Дар доираи ин ҳамоиш мулоқоти муовини якуми Раиси Раёсати «Амонатбонк» Худоёр Худоёрзода бо Директори генералии ширкати «Huawei» оид ба масъалаҳои технологӣ Янг Жиуан баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самти технологияҳои муосири рақамӣ, татбиқи ҳалли инноватсионӣ дар соҳаи бонкдорӣ ва истифодаи имкониятҳои технологии «Huawei» баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба истифодаи технологияҳои пешрафтаи рақамӣ барои такмили равандҳои идоракунӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти бонкӣ, рушди хизматрасониҳои рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ табодули афкор карданд. «Амонатбонк» дар доираи стратегияи рушди худ ба рақамикунонӣ ва татбиқи технологияҳои муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»