Дар 9 моҳи соли 2026 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият доштанд ва 5385 нафар ба кор ҷалб шуданд.
ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар 9 моҳи соли 2026 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият намуд ва дар онҳо 5385 нафар ба кор ҷалб гардиданд. Дар ин давра корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 5 миллиарду 269.0 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 бо нархҳои амалкунанда 145.2 фоиз ё 1 миллиарду 697.5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иттилоъ доданд, 96.4 фоизи ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 3.6 фоизи он ба хизматрасонии пулакӣ ва бахши хусусӣ мансуб аст. Моҳи сентябри соли 2026 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корхонаи азими саноатии маъдантозакунии Адрасмон дубора ба фаъолият оғоз кард ва барои иқтисодиёти шаҳр аҳамияти калон дорад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»