24 сентябри 2026 дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор шуд. Дар барномаҳои марбут инчунин иштироки ҳайатҳои парлумонии зиёда аз 20 давлат пешбинӣ шудааст.
24 сентябри 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид. Тибқи иттилои Маҷлиси намояндагон, дар кори ҷаласа намояндагони парламентҳои давлатҳои аъзои Раёсат, аз ҷумла Қатар, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоҳигарии Камбоҷа ва Шоҳигарии Баҳрайн иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои ташкилӣ ва самтҳои минбаъдаи фаъолияти Ассамблеяи парлумонии Осиё, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба фаъолияти он барои соли 2027, баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Ҳамчунин 25-26 сентябри 2026 Душанбе мизбони барномаи асосии чорабинии байналмилалӣ — ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»