Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Корея гуфт, ки зиёда аз 40 ҳазор ҷавони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Корея, илм ва касбҳои муосир меомӯзанд.
ДУШАНБЕ, 17.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Донишгоҳи Корея гуфтанд, ки зиёда аз 40 ҳазор ҷавони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Корея, машғули омӯхтани илму дониш ва касбҳои муосир мебошанд. Сарвари давлат ёдовар шуданд, ки ниёгони тоҷикон бо мероси адабӣ ва фалсафӣ, инчунин кашфиёти илмии худ дар соҳаҳое чун риёзӣ, нуҷум, табиатшиносӣ, тиб, кимиё, ҷуғрофиё, зироату обёрӣ ва меъморӣ дар рушди тамаддуни башарӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Ба гуфтаи ӯ, Ҳукумати Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоиди илмиву таълимӣ дар кишвар тадбирҳои зарурӣ меандешад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ба идомаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Корея ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии он кишвар, таҳкими табодули академӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва таҳқиқотӣ ҳавасманд аст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»