Таътил фаро мерасад: ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд


22-10-2026 / Ховар/. Бо наздик шудани таътили тирамоҳии мактабӣ коршиносон мегӯянд, волидон метавонанд фарзандонро ба марказҳои забономӯзӣ, касбу ҳунаромӯзӣ ва таҳсилоти иловагӣ ҷалб намоянд, то давраи таътил самараноктар гузарад.
22-10-2026 / Ховар/. То фаро расидани давраи таътили тирамоҳии мактабӣ рӯзҳои башумор боқӣ мондааст. Ин масъала дар зеҳни бисёр волидон савол ба вуҷуд меорад, ки фарзандонашон чӣ гуна ин давраро самаранок сипарӣ намоянд.
Ба гуфтаи коршиносон, ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои забономӯзӣ, касбу ҳунаромӯзӣ ва дигар марказҳои таҳсилоти иловагӣ метавонад ба гузаронидани таътил ба таври ҷолиб ва пурсамар мусоидат кунад. Инчунин, давраи таътил имконияти муносиб барои барқарор намудани неруи ҷисмонию равонӣ, мутолиаи китобҳои бадеӣ, сайругашт дар ҳавои тоза ва рушди шавқу ҳаваси хонандагон мебошад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»