Дар доираи барнома 26 лоиҳа ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ амалӣ шуда, сатҳи умумии иҷро ба 31,2 фоиз расид.
ДУШАНБЕ, 18.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 26 лоиҳа ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ амалӣ шуда, сатҳи умумии иҷрои барнома ба 31,2 фоиз расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Дар ин давра нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди минтақавии вилояти Хатлон ба 37 миллиарду 152 миллион сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,1 фоизро ташкил дод. Ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ ба 27,3 фоиз баробар гардид.
Инчунин дар нуҳ моҳи соли 2026 афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,2 фоиз, маҳсулоти саноатӣ 15,5 фоиз, гардиши савдо 36,7 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 13 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми боркашонӣ 18,8 фоиз ва мусофиркашонӣ 9,3 фоиз афзоиш ёфт.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»