Дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Сино қубурҳои гармидиҳӣ ба таври санҷишӣ ба кор даромаданд. Марказҳо барои таъмин кардани 4 ноҳияи Душанбе пурра омодаанд.
ДУШАНБЕ, 06-10-2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Муассисаи «Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе», қубурҳои гармидиҳӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе ба таври санҷишӣ ба кор оғоз намуданд.
Шоҳқубурҳои марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе бо об пур шуда, барои таъмин намудани 4 ноҳияи шаҳри Душанбе пурра омода буда, марҳила ба марҳила ба кор медароянд. Имсол дар маҷмуъ 3300 бино ва иншоот бо гармӣ таъмин мешаванд.
Аз сокинон хоҳиш мешавад, ки қубурҳо ва таҷҳизоти гармидиҳии хона, ҷойи кор ва идораҳои худро санҷанд ва барои қабули оби гарм омода бошанд. Дар хабар таъкид шудааст, ки истифодаи гармии дар ин марказҳо истеҳсолшуда дар фасли зимистон ба сарфаи неруи барқ дар пойтахт мусоидат мекунад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»