Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои ҷудокороне, ки дар Бозиҳои Осиёӣ дар шаҳрҳои Айчӣ ва Нагояи Ҷопон медал мегиранд, ҷоизаҳои махсуси пулӣ муқаррар кардааст.
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир барои ҷудокороне, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиёӣ дар шаҳрҳои Айчӣ ва Нагояи Ҷопон муаррифӣ намуда, соҳиби медалҳо мегарданд, ҷоизаҳои махсуси пулӣ таъсис додааст. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.
Паҳлавонони тоҷик барои ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ дар ин мусобиқаи бонуфузи қитъавӣ бо маблағҳои пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Агар ҷудокорони тоҷик мақоми аввал, яъне медали тилло ба даст оранд, 150000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм ва медали нуқра 100000 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ 80000 сомонӣ аз ҷониби Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мукофотонида мешаванд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»