Дар Тоҷикистон барои имрӯз ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то 36 дараҷа гарм мешавад.
ДУШАНБЕ, 18.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то 36 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар шарқи вилоят бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 28+30 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад ва дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Дар водиҳо ҳарорат шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»