ҶомеаМанбаи тоҷикӣ
Дар Лянюнган мубориза бо қаллобии телекоммуникатсионӣ ва мобилӣ баррасӣ шуд


Дар шаҳри Лянюнгани Чин бо ташаббуси Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин конфронси «Иттиҳоди байналмилалӣ оид ба мубориза бо қаллобии телекоммуникатсионӣ ва мобилӣ» баргузор шуд.
Ба гузориши «Ховар», дар доираи чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ дар шаҳри Лянюнгани Ҷумҳурии Мардумии Чин, 10 сентябр бо ташаббуси Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин конфронси «Иттиҳоди байналмилалӣ оид ба мубориза бо қаллобии телекоммуникатсионӣ ва мобилӣ» доир гардид.
Иштирокчиён таъкид карданд, ки таҳкими ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ, ошкорсозӣ ва муқобила бо ҷиноятҳои қаллобии телекоммуникатсионӣ метавонад ба дастёбии натиҷаҳои назаррас мусоидат кунад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»