Ҷаласаи панелии соҳавии «Шарикии рушд: тасмимҳои бонкӣ ва суғуртавӣ барои ҷомеаи соҳибкорӣ» баргузор шуд


Дар Душанбе дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ҷаласаи панелӣ оид ба дастгирии соҳибкорӣ, бонкдорӣ ва суғурта баргузор гардид.
ДУШАНБЕ, 2026-10-15 — Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панелии соҳавии «Шарикии рушд: тасмимҳои бонкӣ ва суғуртавӣ барои ҷомеаи соҳибкорӣ» баргузор шуд.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ гуфт, ҷомеаи соҳибкорӣ яке аз неруҳои асосии пешбарандаи иқтисоди Тоҷикистон буда, дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори иқтисодии мамлакат нақши муҳим дорад. Вай таъкид кард, ки барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ як қатор ташаббусҳо ва барномаҳои давлатӣ амалӣ мешаванд.
Дар ҷаласа намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзии молиявию суғуртавӣ, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва бахши хусусӣ иштирок намуда, масъалаҳои низоми бонкӣ, қарздиҳӣ, маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ, хизматрасониҳои рақамӣ, инфрасохтори пардохтӣ, бонкдории исломӣ ва бозори суғуртаро баррасӣ карданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»