Ифтитоҳи фосилавии 90 иншоот дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ 90 иншооти таъиноти гуногунро, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бунёд шудаанд, ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Дар шаҳри Хоруғ 8 иншоот, аз ҷумла корхонаҳои коркард ва бастубандии партовҳои сахти маишӣ, коркарди гиёҳҳои шифобахш, истеҳсоли бетон, чанд муассисаи таҳсилоти томактабии хусусию давлатӣ ва маҷмааи муосири варзишӣ ифтитоҳ гардид. Ҳамчунин 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявӣ, ки дар ҳудуди вилоят бунёд, навсозӣ ва мумфарш мешаванд, муаррифӣ карда шуд. Дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон, Ишкошим ва Мурғоб низ як қатор иншооти истеҳсолӣ, маорифӣ, тиббӣ, энергетикӣ, сайёҳӣ ва саноатӣ ба истифода дода шуданд. Дар маҷмӯъ, дар баробари 90 иншооти фосилавӣ боз 185 иншооти дигар низ дар ҷараёни сафари кории Президент мавриди истифода қарор гирифт.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»