Ифтитоҳи раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб


Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлобро ба истифода дод ва аз шароити кории он шинос шуд.
Тибқи иттилои расмӣ, иншоот ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҶДММ «Дилафрӯз» дар муҳлати қариб 5 сол бо ҷалби 45 коргари маҳаллӣ сохта шудааст.
Дар бинои нав шуъбаю бахшҳои дастгоҳи марказии Раёсат, маркази рақамикунонӣ ва инноватсионии Кумита дар минтақаи Кӯлоб, маҷлисгоҳ бо 110 курсӣ, 25 ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз, озмоишгоҳ, китобхона, меҳмонхона бо 6 ҳуҷраи хоб, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон ҷой гирифтаанд. Дар бомпӯш панелҳои офтобӣ бо иқтидори 36 киловатт насб шудааст, ки биноро тамоми сол бо неруи барқ таъмин мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон чунин сохтмони замонавиро барои рушди соҳа муҳим арзёбӣ карда, ба масъулон дастур дод, ки барои беҳтар кардани назорат, ҳифзи муҳити зист ва иҷрои «Барномаи давлатии сабзкории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» тадбирҳои иловагӣ андешанд. Дар ҳамин ҷо барномаҳои нави рақамикунонии соҳа ва фаъолияти маркази тамоси 2122 низ муаррифӣ гардид.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»