АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар Душанбе ҳарорат то 21-23 дараҷа мерасад.
ДУШАНБЕ, 2026-10-25 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21-23 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8-10 дараҷа гарм, рӯзона 12-17 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 20-22 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм хоҳад буд.
Дар вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар шаҳри Душанбе шамоли шарқӣ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд; шабона 7-9 дараҷа ва рӯзона 21-23 дараҷа гарм мешавад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»