11.09.2026 /Ховар/. Барои имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар як қатор минтақаҳо чангу ғубор низ ба амал меояд.
Ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шудааст: дар ғарби вилоят бебориш, дар шарқи он борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 м/с вазида, дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 м/с мерасад.
Дар вилояти Суғд низ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва эҳтимоли раъду барқ пешбинӣ мешавад. Дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Дар шаҳри Душанбе ҳам ҳавои тағйирёбандаи бебориш интизор аст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»