Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд


Дар Доҳа вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар 9-умин Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ таҳти унвони «Сармоягузорӣ ба оянда» иштирок кард.
ДУШАНБЕ, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аз 25 то 27 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар 9-умин Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ таҳти унвони «Сармоягузорӣ ба оянда» баргузор гардид. Дар кори он Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода иштирок намуд.
Дар доираи форум Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар ҷаласаи мубоҳисавӣ оид ба ҳамгироӣ ба занҷираҳои ҷаҳонии арзиши иловашуда ва ҳамоҳангсозии сиёсати тиҷоратию сармоягузорӣ иштирок кард.
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»