Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 23 то 25 сентябр дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ҳамзамон дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимоли омадани селҳои маҳаллӣ пешбинӣ шудааст.
ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 23 то 25 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд, ҳамзамон дар ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳои маҳаллӣ пешгӯӣ мешавад.
Дар вилояти Хатлон аз 24 то 25 сентябр ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабонаи 26 сентябр дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Ҳавои рӯзонаи 26 сентябр ва 27 сентябр бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, 24-25 сентябр дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад.
Дар вилояти Суғд 24-25 сентябр ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр бориши борон ва барф дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида эҳтимол раъду барқ ба амал ояд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»