Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи сеюми мақомоти зиддикоррупсионии давлатҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ иштирок кард


Ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сулаймон Султонзода дар ҷаласа иштирок намуд.
27-28 октябри 2026 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи сеюми мақомоти зиддикоррупсионии давлатҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ баргузор шуд. Дар кори он ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори ниҳод, генерал-полковники адлия Сулаймон Султонзода иштирок кард.
Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои таҳкими робитаҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, табодули таҷрибаи пешқадам ва роҳҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти зиддикоррупсионии давлатҳои узви Созмон баррасӣ шуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»