Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
27 октябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» баргузор шуда, ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.
27 октябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» баргузор гардид. Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заррина Абдумаликзода ва муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода дар бораи аҳамияти озмун, нақши занон дар хизмати давлатӣ ва зарурати фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти касбӣ ва роҳбарии онҳо ибрози назар намуданд.
Таъкид шуд, ки дастгирии занон, баланд бардоштани мақому манзалати онҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои иштироки фаъолонаашон дар идоракунии давлатӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии ҷумҳурӣ мебошад. Озмун соли чорум аст, ки дар кишвар баргузор мешавад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»