Дар вилояти Хатлон даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» баргузор шуд ва ғолибон эълон гардиданд. Ташкилкунандагон мегӯянд, ки ин озмун барои тақвияти нақши занон дар оила ва ҷомеа муҳим аст.
Дар вилояти Хатлон даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» баргузор гардид. Ҷойи аввалро Аноргул Сайдалиева аз ноҳияи Данғара гирифт. Ҷойи дуюм ба Султонбӣ Қаюмова аз шаҳри Кӯлоб ва Шоҳзода Комилова аз ноҳияи Муъминобод дода шуд, ҷойи сеюмро Ёдгорбӣ Ашурова аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Розия Холова аз ноҳияи Ёвон ва Гулбаҳор Қазоқова аз шаҳри Левакант соҳиб шуданд.
Ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор кардани чунин озмунҳо барои баланд бардоштани эҳтиром ба нақши занон дар оила ва ҷомеа, тарғиби таҷрибаи зиндагии занони соҳибтаҷриба ва таҳкими муносибатҳои нек байни аъзои оила аҳамияти муҳим дорад. Ин озмун соли сеюм аст, ки дар доираи Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 баргузор мешавад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»