Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар доираи ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия 842 400 китоби дарсии «Забони русӣ» барои синфҳои 5 ва 6 ворид шуд. Қисме дар Русия ва қисми дигар дар Тоҷикистон чоп шудааст.
ДУШАНБЕ, 07.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия 842 400 адад китобҳои дарсии «Забони русӣ» барои синфҳои 5 ва 6-и муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон ворид гардиданд.
Ба иттилои Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ин шумора 682 400 китоб дар Федератсияи Русия чоп шуда, 16 000 китоб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст. Тақсими китобҳо ба муассисаҳои таълимӣ оғоз шуда, 100 адад онҳо ба муассисаҳо пешниҳод гардидааст.
Дар хабар гуфта мешавад, ки ин иқдом дар доираи рушди ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф анҷом шуда, ба беҳтар шудани таълими забони русӣ ва таҳкими заминаи омӯзишии хонандагон мусоидат мекунад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»