Дар Вашингтон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд


Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА дар Вашингтон ҳамоиши тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид.
9 сентябри 2026 дар шаҳри Вашингтон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамоиши тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки новобаста ба мушкилоти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва таъсири омилҳои беруна, бахусус буҳронҳои глобалии иқтисодию молиявӣ ва шиддат гирифтани вазъи геосиёсии ҷаҳон, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»