Ифтитоҳи фосилавии 10 иншооти соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб


Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
5 октябр 2026 Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб 10 иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ба истифода дод.
5 октябри 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб 10 иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Президент, дар маҳаллаи Асадулло Қурбонов бинои нави филиали муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ифтитоҳ шуд. Ҳамчунин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 дар деҳаи Гулистони деҳоти Зарбдор ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 дар деҳаи Сари Ҷари деҳоти Даҳана ба истифода дода шуданд.
Дар идома бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27, синфхонаҳои иловагии муассисаи №15 дар Кӯлоб, хобгоҳи мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим, муассисаи таҳсилоти томактабии Бобуна ва муассисаи таҳсилоти томактабии Дурахшон низ ифтитоҳ гардиданд. Иншоот барои беҳтар кардани шароити таълиму тарбия ва фарогирии бештари кӯдакону наврасон ба таҳсил пешбинӣ шудаанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»