ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН: Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира шудааст


Дар шаҳри Ҳисор нақшаи тадбирҳои омодагӣ барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон тасдиқ шуда, ситоди шаҳрӣ барои фаъолияти мунтазам дар солҳои 2026-2027 таъсис ёфт.
Дар шаҳри Ҳисор нақшаи тадбирҳои омодагӣ барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон тасдиқ гардида, ситоди шаҳрӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 таъсис дода шуд.
Барои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027» дар 141 муассисаи таълимӣ ва 15 муассисаи томактабии шаҳр 2277 тонна ангишт, 644 метри мукааб ҳезум ва 1430 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»