Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд

Хулоса ва заминаи хабар
Дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон таъкид шуд, ки рушди низоми бонкӣ бо давлатсозии муосир пайванди ногусастанӣ дорад.
ДУШАНБЕ, 2026-09-10 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон — «Маҷмаи Хуталон» ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки таърихи ташаккул ва рушди низоми бонкии кишвар бо раванди бунёди давлатдории муосири Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ дорад ва дар ин раванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳварӣ мебошад.
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода гуфт, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди миллӣ ва таҷассуми худшиносию ватандорӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, низоми бонкии миллӣ дар давоми 35 соли истиқлол роҳи ташаккул, ислоҳот ва навсозиро тай карда, аз низоми навташкили солҳои аввали истиқлол ба низоми муосири молиявӣ табдил ёфт.
