Маттео Патроне: Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд


Маттео Патроне гуфт, ки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омода аст дар Тоҷикистон дар бахшҳои энергетика ва бахши хусусӣ лоиҳаҳои бештар амалӣ кунад.
Дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патронеро ба ҳузур пазируфтанд. Баъди мулоқот нишасти матбуотӣ бо иштироки ӯ баргузор шуд. Маттео Патроне гуфт, ки дар мулоқот роҳҳои беҳтар кардани сатҳи ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар баррасӣ гардиданд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамкории кунунӣ дар сатҳи хуб қарор дорад ва дар оянда ин ниҳод омода аст барои дастгирии соҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика ва бахши хусусӣ, лоиҳаҳои гуногунро амалӣ намояд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»