Ифтитоҳи хати оби нӯшокӣ барои 19 ҳазор сокини шаҳри Истиқлол


Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
21 September дар шаҳри Истиқлол бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хати нави оби нӯшокӣ барои 19 ҳазор нафар ба истифода дода шуд.
Ба иттилои манбаи расмӣ, оби нӯшокӣ барои аҳолии шаҳри Истиқлол бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд аз масофаи зиёда аз 17 километр оварда шудааст. Ин иқдом мушкилоти мавҷудаи сокинонро дар ин самт бартараф кардааст.
Тибқи муаррифии лоиҳа ба Президенти кишвар, хатти оби нӯшокӣ бо қубурҳои қутрашон 250 миллиметр ва насби таҷҳизоти махсуси худҷорӣ иҷро шудааст. Корҳои сохтмонӣ тибқи лоиҳа аз моҳи November 2024 оғоз гардида, дар он 150 сокини маҳаллӣ ҷалб шудаанд.
Бо амалӣ шудани ин тадбири муҳими иҷтимоӣ, аҳолии шаҳри Истиқлол ҳамчунин барои кишту парвариши сабзавоту зироати кишоварзӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ имконият пайдо кардаанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»