Ҳайати Тоҷикистон дар 70-умин иҷлоси Конфронси генералии МАГАТЭ иштирок мекунад


Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 70-умин иҷлоси Конфронси генералии МАГАТЭ дар Вена иштирок дорад. Иҷлос аз 14 то 18 сентябр дар Маркази байналмилалии Вена баргузор мешавад.
ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /НИАТ «Ховар»/. Иҷлоси навбатии 70-уми Конфронси генералии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ) аз 14 то 18 сентябр дар Маркази байналмилалии Венаи Ҷумҳурии Австрия ҷараён дорад.
Тавре аз Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни иҷлос намояндагони баландпояи давлатҳои аъзо масъалаҳои асосии истифодаи осоиштаи неруи атомӣ, амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ, амнияти физикии ҳастаӣ, кафолатҳои манъи паҳншавии силоҳи ҳастаӣ, ҳамкории техникӣ ва инчунин истифодаи технологияҳои ҳастаӣ ба манфиати рушди устуворро баррасӣ мекунанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»