Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Душанбе, 2026-10-08 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Душанбе, 2026-10-08 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бораи омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Дар ин бора шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Тибқи нақшаи тасдиқшуда, дар шаҳри Душанбе барои таҷлили ин рӯз баргузории конференсияҳои илмӣ-назариявӣ, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт ва мусобиқаҳои варзишӣ дар назар дошта шудааст.
Дар хабар гуфта мешавад, ки аз соли 2016 инҷониб 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ин рӯз ба хотири хизматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, эҳёи давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва боло бурдани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷорӣ шудааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»