Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар Душанбе нахустин ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баргузор шуд. Файзалӣ Идизода гуфт, ки ин ниҳод метавонад барои густариши муколама ва ҳамкории байнипарламентӣ дар Осиё саҳми муҳим гузорад.
Дар шаҳри Душанбе нахустин маротиба ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа дабири кулл ва котиботи Ассамблея, инчунин роҳбарону ҳайатҳои парламентии беш аз 20 давлати аъзо, аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Арабистони Саудӣ, Бутан, Баҳрайн, Камбоҷа, Қатар, Бангладеш, Индонезия, Кипр, Покистон, Туркия, Умон, Чин, Эрон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Узбекистон ва Русия иштирок карданд. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода гуфт, ки баргузории ин ҷаласа барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории байнипарламентӣ, тавсеаи муколамаи созанда ва наздиктар шудани мардумони давлатҳо заминаи мусоид фароҳам меорад. Ӯ таъкид кард, ки масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла ҳифзи мероси таърихӣ, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ, дастгирии занон, ҷавонон ва калонсолон, инчунин ҳамкории ҳуқуқӣ дар мубориза бо қочоқи мероси фарҳангӣ ва маводи мухаддир, ба зиндагии ҳаррӯзаи миллионҳо нафар таъсири мустақим мерасонанд. Идизода инчунин изҳор дошт, ки Маҷлиси намояндагон ба таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ бо кишварҳои Осиё аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва Ассамблеяи парламентии Осиёро майдони муассир барои ташаккули фазои бештари эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ медонад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»