Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
22 октябри 2026 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон симпозиуми ҷамъбастии лоиҳаи iTAG-SATREPS ва Форуми муштараки SATREPS-и Осиёи Марказӣ бо иштироки олимону муҳаққиқони дохилӣ ва хориҷӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш дастовардҳои илмӣ ва амалии лоиҳа, аз ҷумла истифодаи насосҳои гармии манбаи зеризаминӣ ва баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ баррасӣ шуд.
Ба иттилои АМИТ «Ховар», 22 октябри 2026 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми ҷамъбастии лоиҳаи iTAG-SATREPS ва Форуми муштараки SATREPS-и Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кейко Фурута оид ба иҷрои лоиҳа ибрози назар намуданд. Таъкид шуд, ки лоиҳаи байналмилалии iTAG-SATREPS таҳти унвони «Ташкили низоми таъминоти декарбонидашудаи энергия бо истифода аз насосҳои гармии манбаи зеризаминӣ дар Тоҷикистон» намунаи ҳамкории самараноки илмӣ ва технологӣ мебошад. Лоиҳа дар доираи барномаи SATREPS бо иштироки Донишгоҳи Акита ва Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ мегардад. Дар тӯли панҷ соли татбиқи лоиҳа чанд натиҷаи муҳими илмӣ ва амалӣ ба даст оварда шудааст. Моделсозии обҳои зеризаминӣ ва интиқоли гармӣ анҷом дода шуда, имконияти истифодаи насосҳои гармии манбаи зеризаминӣ дар шароити шаҳри Душанбе мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Ҳамчунин харитаи иқтидори гармии зеризаминӣ бо истифода аз усулҳои зеҳни сунъӣ таҳия шуда, арзёбии иқтисодии густариши ин технологияҳо низ анҷом ёфтааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»