Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи омӯзгорон
Хулоса ва заминаи хабар
Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи омӯзгорон ба ҳамаи устодону кормандони соҳаи маориф табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ ва комёбиҳо таманно кард.
Устодон ва омӯзгорони гиромӣ! Муҳтарам кормандони соҳаи маориф!
Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи омӯзгорон самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, рӯзгори босаодат ва дар фаъолияти касбиатон барору комёбӣ орзу менамоям.
Омӯзгорӣ аз ҷумлаи касбҳои пуршараф ва дар айни замон масъулияти бузург мебошад, зеро рушди давлат, пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллат аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва тарбияи наслҳое вобастагии мустақим дорад, ки бо заҳмати омӯзгорон ба камол мерасанд. Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ таъмин намудани рушди илму маориф, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи наслҳои наврас ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок эълон карда шуд. Дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ барои пешрафти соҳаи маориф корҳои зиёде анҷом дода шуда, ҷиҳати беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони соҳа ва дастгирии омӯзгорон тадбирҳои доимӣ андешида мешаванд.
Мо ин равандро минбаъд низ идома мебахшем. Зеро дар шароити пешрафти босуръату бесобиқаи илму техника ва технологияҳо рисолати омӯзгор боз ҳам муҳимму масъулиятнок мегардад. Онҳо бояд наврасону ҷавононро ба омӯзиши илму донишҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, аз худ кардани технологияҳои замонавӣ, фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ ҳидоят карда, онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳифзу гиромидошти таъриху фарҳанги ниёгон ва заҳматдӯстиву масъулиятшиносӣ тарбия намоянд.
