Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
21 сентябр дар Ланҷоу Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу барои ҳамкорӣ ёддошти тафоҳум имзо карданд.
Тавре «Ховар» аз Академияи идоракунии давлатӣ хабар медиҳад, ин санад 21 сентябр дар шаҳри Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин зимни мулоқоти роҳбарияти Донишгоҳи технологии Ланҷоу бо ҳайати академия таҳти роҳбарии ректори он Даврон Сафарзода ба имзо расид.
Ёддошти тафоҳум барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои таҳсилот, таҳқиқоти илмӣ, табодули академӣ ва робитаҳои байналмилалӣ замина фароҳам меорад. Табодули омӯзгорону донишҷӯён, ташкили барномаҳои таълимӣ ва таҷрибаомӯзӣ, таҳқиқоти муштарак дар бораи Осиёи Марказӣ ва иқтисоди минтақавӣ ва баргузории чорабиниҳои илмӣ пешбинӣ шудааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи таъсиси барномаҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ барои хизматчиёни давлатӣ ва маъмурии Тоҷикистон ва роҳандозии барномаи муштараки таълимиро баррасӣ карданд. Академия пешниҳод намуд, ки ба муносибати 35-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Чин дар соли 2027 лоиҳаи муштараки илмӣ амалӣ карда шавад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»