22 сентябри 2026 дар ноҳияи Данғара даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» баргузор гардид.
Ба иттилои АМИТ «Ховар» аз 2026-09-23, 22 сентябри 2026 дар ноҳияи Данғара даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» баргузор шуд.
Дар ин давр донишу ҷаҳонбинии сиёсӣ, сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, дониши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳорати касбӣ, қобилияти таҳлилӣ, фарҳанги хизматӣ, одоби муошират ва сатҳи омодагии иштирокчиён аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ баҳогузорӣ гардид. Як зумра занони фаъолу лаёқатманд бо нишон додани дониши баланди сиёсиву ҳуқуқӣ, маҳорати касбӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба хизмати давлатӣ ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Ҳамзамон таъкид мешавад, ки ин озмун дар заминаи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва таҳкими нақши онҳо дар идоракунии давлатӣ баргузор мегардад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»