Ба Эмомалӣ Раҳмон дани фахрии 9-уми таэквондо супурда шуд


17 September 2026 дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея дар қароргоҳи Федератсияи ҷаҳонии таэквондо (WT) маросими тақдими дани фахрии 9-уми таэквондо ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Дар қароргоҳи федератсия президенти Федератсияи таэквондо Юн Унг Сок меҳмони олиқадр Эмомалӣ Раҳмонро истиқбол гирифт. Пеш аз оғози чорабинӣ барои ӯ намоиши санъати муҳорибаи таэквондо баргузор шуд.
Сипас қарори Шӯро дар бораи тақдими дараҷаи фахрии 9-уми таэквондо қироат гардид ва дар маросими тантанавӣ ба Сарвари давлат дани фахрӣ супурда шуда, либоси махсус низ пӯшонида шуд. Эмомалӣ Раҳмон барои ин қадрдонӣ изҳори сипос карда, гуфт, ки таэквондо на танҳо як навъи маъруфи варзиши олимпӣ, балки таҷассумгари фалсафаи ҳаёти солим ва иртиботи маънавию фарҳангии инсонҳост.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»