Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G имзо шуд


Дар доираи форуми алоқаи мобилии насли панҷум дар Душанбе миёни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» барои рушди 5G-A ва 6G ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Дар доираи Форуми алоқаи мобилии насли панҷум, ки 26 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Хуавей технологии Тоҷикистон» (Huawei) ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид.
Тибқи ин санад, ҷонибҳо барои таҳқиқ, озмоиш ва ҷорӣ намудани технологияҳои 5G-A ва 6G дар қисми болоии диапазони басомадҳои 6 GHz, аз 6,425 то 7,125 GHz, ҳамкории шарикии стратегиро пеш хоҳанд бурд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон